ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ КАНСЕЛЯРИЯИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ҲУКУМАТИ ХАЛҚИИ ВИЛОЯТИ ГУАНДУН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ КАНСЕЛЯРИЯИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ҲУКУМАТИ ХАЛҚИИ ВИЛОЯТИ ГУАНДУН
ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ КАНСЕЛЯРИЯИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ҲУКУМАТИ ХАЛҚИИ ВИЛОЯТИ ГУАНДУН

24 июли соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо муовини директори генералии Канселярияи робитаҳои хориҷии Ҳукумати халқии вилояти Гуандун Гуо Сяогуанг ва дигар намояндагони Канселярияи робитаҳои хориҷии Ҳукумати халқии вилояти Гуандун баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, воридоти техника ва технологияҳои муосир, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, масъалаи иштироки соҳибкорон ва ширкатҳои ду ҷониб дар чорабиниҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва форумҳои тиҷоратӣ, инчунин имконияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони ду давлат дар рӯҳияи дӯстии самимӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд босуръат рушд ёфта, ба сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва вилояти Гуандун, ташкили вохӯриҳои корӣ, табодули таҷриба, баргузории сафарҳои омӯзишӣ ва иштироки муштарак дар чорабиниҳои соҳавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» иброз намуда, таъкид карданд, ки таҳкими робитаҳои мустақими байни Палатаҳои савдо ва саноат, мақомоти дахлдор, соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон ва вилояти Гуандун барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд