Ба таваҷҷуҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноат расонида мешавад, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ҳайати бузурги соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меорад. Дар ҳайат зиёда аз 100 нафар истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои бузурги ҳамсоякишвар иштирок менамоянд.
Ин имконияти хубест барои онҳое, ки мехоҳанд бо истеҳсолкунандагони боэътимод ҳамкорӣ оғоз кунанд, маҳсулотро бевосита аз корхонаҳо дастрас намоянд ва доираи тиҷорати худро васеъ созанд.
Дар вохӯриҳо намояндагони соҳаҳои масолеҳи сохтмонӣ, мебел, нассоҷӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати кимиё ва дигар бахшҳо иштирок мекунанд.
Агар шумо дар ҷустуҷӯи шарикони боэътимоди тиҷоратӣ бошед, ин чорабинӣ барои шумост.
Чорабиниҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе, бо суроғаҳои зерин баргузор мегарданд:
📍 28 июл | 14:00–17:00
шаҳри Хуҷанд — хонаи савдои мебели «Made in Uzbekistan» (маҳаллаи 17, хонаи 3).
📍 30 июл | 09:00–12:00
шаҳри Душанбе — меҳмонхонаи “Kangurt Grand Hotel”
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дарёфти даъватнома тавассути телефонҳо дар тамос бошед.
📞+992 300 00 55 66
📞+992 000 08 34 16
WhatsApp:
📞 +998 91 512 58 46
📞 +992 92 899 77 07
Мо шуморо интизорем! Аз ин имконияти арзишманд истифода баред ва барои рушди тиҷорати худ қадами нав гузоред.