ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ

4 ноябри соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ самимона табрик гуфт.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози давлатдорӣ дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа нақши калидӣ дорад. Қабули Конститутсия заминаи устувори ҳуқуқиро барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ бозидааст.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти масъулона дар доираи талаботи қонунгузорӣ вазифаи ҳар як корманд ва шаҳрванди кишвар мебошад. Дар ин замина, кормандони Палата низ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ саҳми арзанда гузоранд.

Дар фазои тантанавӣ як қатор кормандони Палата, ки ба синни нафақа расида, фаъолияти бисёрсолаи меҳнатии худро ба анҷом расониданд, бо изҳори сипос ва қадрдонӣ барои саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти Палата ба нафақа гусел карда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти иқтидори кадрӣ ва фароҳам овардани имконият барои ҷалби неруи нави касбӣ, як қатор мутахассисони ҷавону соҳибистеъдод ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарӣ таъин гардиданд.

Роҳбарияти Палата ба кормандони ба нафақа гуселшуда барои меҳнати содиқона, таҷрибаи ғанӣ ва саҳми арзандаашон дар фаъолияти Палата изҳори миннатдорӣ намуда, ба мутахассисони навтаъин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул комёбиҳо, ташаббускорӣ ва дастовардҳои назаррас орзу намуд.

Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеаро таъкид намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд