Общество
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАМОҲАНГСОЗИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИТАЛИЯ
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАМОҲАНГСОЗИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИТАЛИЯ

27 октябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон и.в Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар ҳайати Италияро таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Федерико Фаилла ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ба меҳмонон маълумот дар бораи фаъолияти Палата, нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии кишвар, рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон, инчунин фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар пешниҳод гардида, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду ҷониб баррасӣ шуданд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, технологияҳои нав, иқтисоди рақамӣ, энергияи сабз ва савдои дуҷониба ҳамчун самтҳои афзалиятнок барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардиданд.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд