Экономика
МУАРРИФИИ МЕВАҲОИ ХУШКИ ТОҶИКӢ ДАР НАМОИШГОҲЕ ДАР ТУРКИЯ
МУАРРИФИИ МЕВАҲОИ ХУШКИ ТОҶИКӢ ДАР НАМОИШГОҲЕ ДАР ТУРКИЯ

Даҳ ширкати коркарди меваҳои хушк аз Тоҷикистон, ки бозигарони нав дар бозори меваҳои хушки Осиёи Марказӣ мебошанд, дар намоишгоҳи байналмилалии бонуфузи GROWTECH/Antalya–2025, ки аз 18 то 21 ноябри соли 2025 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Даҳ ширкати коркарди меваҳои хушк аз Тоҷикистон, ки бозигарони нав дар бозори меваҳои хушки Осиёи Марказӣ мебошанд, дар намоишгоҳи байналмилалии бонуфузи GROWTECH/Antalya–2025, ки аз 18 то 21 ноябри соли 2025 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар баробари боздид, инчунин чор ширкати ватанӣ «Меваи Зарин», «Меваи Ашт», «Ҳариф» ва «Нерӯи Қанд» — ба қатори тақрибан 8000 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногуни дунё дар ин намоишгоҳи бонунфузи саноати хӯрокворӣ маҳсулоти нави худро ба қариб 150 000 меҳмонон пешниҳод менамоянд.  Ҳайати тиҷоратии Тоҷикистонро дар қатори бахши хусусӣ намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Агентии «Тоҷикстандарт», Маркази миллии аккредитатсия ва Палатаи савдо ва саноат ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин сафар ва иштироки ширкатҳо дар намоишгоҳи болозикр дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) — «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ (AfT) Phase V», ки аз ҷониби ҳукумати Финландия маблағгузорӣ мешавад, инчунин лоиҳаи LITACA III — «Мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон», бо маблағгузории ҳукумати Ҷопон, дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғо Хон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Ин чорабинӣ барои коркардкунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон имконияти муҳими густариши бозор, муаррифии маҳсулоти рақобатпазир, баррасии ҳамкориҳои тиҷоратии эҳтимолӣ ва омӯзиши равандҳои нави рушди бозори ҷаҳониро фароҳам меорад.

Намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адолат Мирзошоева доир ба аҳамияти иштироки ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳи мазкур чунин иброз намуд: «Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ имкон медиҳад, ки иқтидори аграрии кишвар муаррифӣ шуда, имкониятҳои содиротии истеҳсолкунандагони ватанӣ тавсеа ёбад ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши агросаноатӣ таҳким дода шаванд.»

Намоишгоҳи байналмилалии Growtech Antalya яке аз муҳимтарин платформаҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, агротехнология ва агробизнес ба шумор рафта, ҳамасола истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусиро аз беш аз 120 кишвар муттаҳид месозад.

Ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ҳамчунин дар муҳокимаҳои панелӣ, семинарҳо ва форумҳои тиҷоратӣ ширкат намуда, дар баҳсҳои судманд оид ба тамоюлҳои охирин ва тағйирёбии бозор фаъолона иштирок хоҳанд кард. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо онҳо маълумоти муҳим дар бораи талаботи бозор ва афзалиятҳои нави истеъмолкунандагон ба даст меоранд, ки ин барои нигоҳ доштани рақобатпазирӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд мусоидат мекунад.

Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ на танҳо имконияти васеъ кардани содиротро фароҳам меорад, балки меҳмононро бо таъми нодир ва маҳсули гуногуни меваҳои хушк ва маҳсулоти марбут ба онҳо ошно месозад. Ин чорабинӣ барои ширкатҳои кишвари мо марҳилаи муҳиме дар таҳкими робита бо саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ ва тасдиқи мавқеи худ дар бозори байналмилалӣ хоҳад шуд.

Дар бораи лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ»

Лоиҳа ба дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) дар пешбурди моделҳои рушди инклюзивӣ ва устувор дар минтақаҳои деҳот ва бахшҳои истеҳсоли «сабз» равона шудааст. Дар асоси таҷрибаи марҳилаҳои қаблии лоиҳаи БРСММ «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ», марҳилаи ҷорӣ ба муайянсозии маҳсулоти махсусгардонидашуда пешбинӣ шудааст, на ба ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ барои рақобат дар сатҳи байналмилалӣ аз рӯи миқдор ва сифати маҳсулоти анъанавии содиротӣ (асосан меваю сабзавоти тару тоза) равона гардидааст.

Дар бораи лоиҳаи БРСММ LITACA — «Мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон»

Бо такя ба дастовардҳои LITACA I ва II, инчунин лоиҳаҳо ва ташаббусҳои қаблӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ва JICA маблағгузорӣ шудаанд, БРСММ дар Афғонистон якҷоя бо БРСММ дар Тоҷикистон бо дастгирии JICA, LITACA-ро ҳамчун як қисми барномаи дарозмуддати фаромарзӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалӣ мекунад. Ташаббуси LITACA қисми барномаи дарозмуддати ҳамкории фаромарзӣ байни JICA ва БРСММ мебошад. 

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ
Хабарҳои монанд