Общество
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар маҷмааи «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии дастаҷамъона бо иштироки сокинон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олии касбӣ ва сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир гардид. Роҳпаймоӣ аз маҷмааи «Майдони Истиқлол» оғоз ёфта то майдони Боғи Парчам идома ёфт. Дар чорабинӣ роҳбарият ва аҳли кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар нимаи дуюми рӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлисро и.в. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ ва нақши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои давлатсозӣ суханронӣ карда, кормандонро ба муносибати ин рӯзи муҳими миллӣ самимона табрик намуд.

Инчунин, як қатор кормандони Палата ба муносибати ин ҷашни муҳим баромад намуда дар бораи ҷойгоҳу арзиши Парчами давлатӣ дар таҳкими ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллӣ ибрози андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо эҳтирому ифтихори баланд таҷлил карда мешавад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд