Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи рушди молиявӣ ва бахши хусусӣ, Қисмати 3 - Барномаи рушди таъминот ва содироти Бонки Ҷаҳонӣ, сафари ҳайати гурӯҳи кории байниидоравиро, ки аз намояндагони вазорату идораҳои кишвар иборат аст, ба Ҷумҳурии Корея ташкил кард.
Ҳадафи сафар таҳлили ҳамаҷонибаи стратегияҳо ва амалияҳои мақсадноки Ҷумҳурии Корея, дастгирии ояндаи молиявӣ ва ғайримолиявии тиҷорати хурду миёна дар фаъолиятҳои ба содирот нигаронидашуда, равандҳои сертификатсияи маҳсулот ва аккредитатсияи содиркунандагон дар бозорҳои хориҷӣ тавассути системаҳои рақамӣ мебошад. Гурӯҳи кории байниидоравӣ Ҷамолзода Абдуғаффор, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиз Назар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Шамсулло Хайруллозода, муовини вазири молия, Мирзиён Раҳмоншо, муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати тиҷорати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Насимҷон Анваров, муовини аввали директори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
24 ноябри соли 2025 дар литсейи Боха Ли дар Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, вохӯрии ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ бо роҳбарияти JUNGWOO VINA CO., LTD баргузор гардид. Роҳбарияти ширкати дар боло зикршуда қайд карданд, ки JUNGWOO VINA CO., LTD яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нассоҷӣ дар соҳаи коркарди нахи пахта дар Ҷумҳурии Корея ба ҳисоб меравад. Ширкат инчунин дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва Ҷумҳурии Гватемала намояндагиҳо кушода, содироти маҳсулотро ба якчанд кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст.
Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузории кишвар, имтиёзҳо барои сармоягузорон, вазъи кунунии саноати нассоҷӣ ва имкониятҳои он, рушди содирот, вазъи соҳибкорӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) ва имтиёзҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.
Намояндагони гурӯҳи корӣ инчунин ширкатро барои иштирок дар чорабиниҳое, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла форумҳо ва намоишгоҳҳо, даъват карданд.
Сафари ҳайат аз 22 ноябри соли 2025 то 4 декабри соли 2025 идома меёбад.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ