Экономика
ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИДОРАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШИРКАТИ САЙЁҲИИ КОРЕЯ (KOREA TURISM ORGANIZATION)
ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИДОРАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШИРКАТИ САЙЁҲИИ КОРЕЯ (KOREA TURISM ORGANIZATION)

26 ноябри соли 2025 дар Сеул, Ҷумҳурии Корея, ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо роҳбарияти Созмони сайёҳии Корея баргузор гардид. Ба гурӯҳи корӣ Шамсулло Хайруллозода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насимҷон Анваров, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Сатторзода, директори Муассисаи давлатии "Воҳиди татбиқи лоиҳаҳо оид ба дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон шомил буданд.

Аз ҷониби роҳбарияти шикати болозикр вобаста ба таърихи пайдоиши Ширкати Сайёҳии Корея (KOREA TURISM ORGANIZATION) ва таҷрибаи ширкати мазкур, ки аз соли 1962 бо қабул шудани Қонун дар бораи Ташкилоти байналмилалии сайёҳӣ фаъолияти худро оғоз намудааст маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, вобаста ба платформаи HiKorea (номи пурра: Ҳукумати электронӣ барои хориҷиён, Hi Korea) дар доираи чораҳои ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои таъмини платформаи ҳамаҷонибаи онлайн барои меҳмонони хориҷӣ, таъсис дода шудааст, маълумот пешниҳод намуд.

Ҳайати гурӯҳи кории байнидоравӣ маълумотҳоро вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ, намудҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ, ҷойҳои таърихӣ, дар бораи захираҳои обӣ, табиати нотакрор ва 4 фасли зебои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуда, ширкати мазкурро ба чорабиниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузормегардида, аз ҷумла форуму намоишгоҳҳои банақшагирифташуда, даъват намуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд