Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Иттифоқи Палатаи савдои саноатии вилояти Ленингради Федератсияи Россия ва мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати тиҷоратии соҳибкорони вилояти Ленингради Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Дар доираи сафари мазкур, санаи 25 ноябр дар меҳмонхонаи "Hilton"-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ватанӣ ва соҳибкорони вилояти Ленинград дар шакли В2В ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиши тиҷоратии мазкур зиёда аз 30 корхонаву ширкатҳои ватанӣ дар соҳаҳои гуногун шарикони худро дарёфт намуда, чиҳати ҳамкории минбаъда гуфтугуҳо анҷом доданд.
Ҳамзамон, санаи 27 ноябр ҳайати мазкур ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво аз хоҷагии чорводории Латиф Мирзо ва ҶДММ "Абдурауф Юсупов", фермаи ширӣ-молии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади густариш додани робитаҳои тиҷоратии байни ду кишвар ташкил ва баргузор карда шуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ