Экономика
Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони тиҷоратии Олмон
Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони тиҷоратии Олмон

Санаи 27 ноябри соли 2025 дар бинои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони тиҷоратии Олмон, ки ба Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши имкониятҳои кишвар ташвир оварда буданд, вохӯрии корӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои якдигар, иштирок дар чорабиниҳои тиҷоратӣ, ба монанди намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо, конфронсҳои байналмилалӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Ҳамзамон, ширкатҳои ватанӣ, ки дар вохӯрии мазкур ҳузур доштанд бо ҳамтоёни олмонии худ оид ба масоили марбут ба самти фаъолияти ҳамдигар табодули афкор намуданд.

 Дар фарҷоми вохӯрӣ меҳмонон таасуроти худашонро аз рафти сафарашон ба Тоҷикистон бо як табъи болида баён дошта, барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳорӣ ҳавасмандӣ намуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд