10 декабри соли 2025 дар шакли маҷозӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи кории палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Котиботи иҷроияи ИДМ, АО ВДНХ,
Бунёди «Сколково», коршиносон ва мутахассисони палатаҳои савдо ва саноати
Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон
(вилоятҳои Суғд ва Хатлон) ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо натиҷаҳои фаъолияти палатаҳои савдо ва
саноат барои соли 2025 шинос гардида, инчунин чорабиниҳо ва ташаббусҳое, ки ба
рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар кишварҳои ИДМ равона шудаанд,
ироа гардиданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
- иштироки низоми Палатаҳо дар иҷрои Барномаи
байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2030;
- дар бораи истифодаи мутақобилаи низомҳои электронии
сертификати тавлиди мол;
- тамғагузории молҳо бо воситаҳои идентификатсия ва
татбиқи ин низом дар кишварҳои ИДМ, ҳамчунин истифодаи мутақобилаи рамзҳои
тамғагузорӣ миёни кишварҳо.
Инчунин, масъалаҳои тақвияти фаъолияти палатаҳои савдо
ва саноати ИДМ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тавассути таъсиси
гурӯҳҳои кории соҳавӣ дар чорчӯбаи Шӯрои кории СҲШ баррасӣ гардиданд.
Дар баробари ин, иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳими марбут ба рушди
тиҷорат, расмиёти содиротӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни
кишварҳо мубодилаи афкор ва таҷриба намуданд.
Бисёре аз пешниҳодҳое, ки дар ҷараёни ҷаласа садо
доданд, ба Нақшаи кори Шӯрои роҳбарони палатаҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ барои
соли 2026 ворид карда мешаванд.
Иштирокчиён омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои идомаи
ҳамкориҳои байнипалатавӣ, мубодилаи мунтазами иттилоот, ташкилу баргузории
чорабиниҳои муштарак, ки ба рушди ҳамкориҳо ва наздиксозии доираҳои тиҷоратии
кишварҳои ИДМ равона шудаанд, таъкид намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ