Экономика
ҶАЛАСАИ КУМИТА ОИД БА РУШДИ НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶАЛАСАИ КУМИТА ОИД БА РУШДИ НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12 декабри соли 2025 ҷаласаи аввалини Кумита оид ба рушди нақлиёт ва логистика дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба ҳайати Кумита роҳбарони ширкатҳои хусусӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи нақлиёт шомил гардиданд.

Фаъолияти Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани муколама байни бахши хусусӣ ва мақомотҳои давлатӣ бо мақсади баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоте, ки намояндагони соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, равона карда шудааст.

Дар ҷаласа ҳайати роҳбарии Кумита интихоб гардида, роҳбарии он ба зиммаи Кислякова Л.П. вогузор шуд.

Иштирокчиён бо маълумот оид ба таъсиси марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон шинос шуда, мушкилоте, ки ширкатҳо дар амал фаъолият доранд, баён карданд.

Дар ҷаласаи Кумита, ба таври маҷозӣ намояндагони ширкати T-Trading (Ҳиндустон), ки қаблан созишномаи ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба имзо расонидааст, иштирок намуданд. Ширкат пешниҳоди худро оид ба фаъолияти худ дар соҳаи ташкили хизматрасониҳои нақлиётӣ намоиш дода, масъалаҳои ташкили ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд