ҶАЛАСАҲОИ ШӮРО ВА РАЁСАТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ҶАЛАСАҲОИ ШӮРО ВА РАЁСАТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶАЛАСАҲОИ ШӮРО ВА РАЁСАТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 8 январи соли 2026 ҷаласаи Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Қосимзода Иноятулло, аъзоёни Шӯро, роҳбарияти Палата, инчунин роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории Палата аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон иштирок намуданд.

 Тибқи рӯзнома, хисоботи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соли 2025, инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби и.в.Раиси Шӯрои Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон ва аъзоёни Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳисоботи фаъолияти Палата дар соли 2025 аз ҷониби Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон Наимович ироа гардид. Ҳисобот аз ҷониби Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Шӯро қаноатбахш арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳибкорӣ, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар, инчунин афзоиши иштироки соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳои байналмилалӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯро, ҷаласаи Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат аъзоёни Раёсат, роҳбарияти Палата ва намояндагони воҳидҳои сохтории дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

- ҳисобот оид ба рафти иҷрои Нақшаи кории Палата барои соли 2025;

- баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи Нақшаи кории Палата барои соли 2026;

- қабул ва тасдиқи ширкату корхонаҳои нав ба аъзогии Палата;

- дигар масъалаҳои марбут.

 Дар ҷараёни ҷаласа ҳисобот оид ба иҷрои Нақшаи кории соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардида, қарор қабул шуд, ки бандҳои иҷронашуда ба Нақшаи кории соли 2026 гузаронида шуда, иҷрои онҳо пурра таъмин карда шавад.

Ҳамчунин, Нақшаи кории Палата барои соли 2026 баъд аз баррасӣ тасдиқ гардида, як қатор ширкату корхонаҳои нав ба аъзогии Палата қабул карда шуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ 

Хабарҳои монанд