Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 феврали соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноат ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноат дар соли 2025 баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 15 намояндагон) таҳти раёсати роҳбарияти Палата гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ вобаста фаъолияти Палата дар соли 2025 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумотнома оид ба натиҷаҳои фаъолияти Палата бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Палата ба саволҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни ба самти фаъолияти Палата марбут, аз ҷумла оид ба муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии дар хориҷи кишвар, мусоидати палатаҳои вилоятӣ дар рушди бахши хусусӣ дар минтақаҳо, доир ба баргузории семинару тренингҳои омӯзишӣ барои доираҳои соҳибкорони ватанӣ, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷ барои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, доир ба баргузории намоишгоҳҳои дар соли 2026 ба нақшагирифташуда ва ғайра посух дода шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд