13 феврали соли 2026, дар доираи ҷаласаи якуми Шӯрои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Адилбек Касималиев баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонида шуд.
Санади мазкурро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Директори Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт» муҳтарам Такиров Урмат Канатбекович имзо карданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум дар партави сиёсати хирадмандонаи ду роҳбари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров сурат гирифт. Ин иқдом равандҳои ҳамкории тиҷоратӣ ва содиротиро байни ду кишвар тақвият дода, заминаи нави ҳамкории иқтисодиро фароҳам меорад.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ