12 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон бо Раиси Иттиҳодияи картошкапарварон ва сабзавотпарварони Ҷумҳурии Қазоқистон Уалханов Байжан Нурбаевич баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи картошкапарварӣ ва сабзавотпарварӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, табодули дониш ва технологияҳои муосир, инчунин густариши содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байни соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ташкили мулоқотҳои корӣ ва иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, табодули таҷриба, ташкили сафарҳои омӯзишӣ ва иштирок дар намоишгоҳу форумҳои байналмилалии соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸