Муколамаи Палата бо сохторҳои СММ: Беҳтар намудани дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
Муколамаи Палата бо сохторҳои СММ: Беҳтар намудани дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ
Муколамаи Палата бо сохторҳои СММ: Беҳтар намудани дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ

2 сентябри соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратии намояндагони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP) ва Фонди рушди сармояи СММ (UNCDF) бо намояндагони бахши хусусии кишвар баргузор гардид.

Вохӯриро Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноат Анваров Н. Н. кӯшода, қайд намуд, ки Палата 1300 субъектони бахши хусусиро муттаҳид сохта, платформаи самарабахш барои устувор намудани робитаҳои корӣ ва шарикӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Палата ба ташкили муколама байни ҷомеаи соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд ҷиҳати сохтани фазои мусоид барои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар машварат намояндагони корхонаҳои кишоварзӣ ва агросаноатӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва инчунин ширкатҳое, ки дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён доираи васеи масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба маблағгузориро баррасӣ карданд, ки аз он ҷумла монеаҳои асосӣ, ки соҳибкорони ҷавон, корхонаҳои кишоварзӣ ва ширкатҳои татбиқкунандаи сармоягузориҳои «сабз» бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Ҳадаф аз баргузории ин вохӯриҳои машваратӣ дар Тоҷикистон, таҳяи тавсияҳои амалӣ аз ҷониби намояндагони UNCDF барои муассисаҳои молиявӣ, мақомоти давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва шарикони рушд оид ба беҳтар намудани дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ, Муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноат изҳор намуд, ки машваратҳо бо UNCDF ва UNDP ҷиҳати беҳтар кардани дастрасии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ ба рушди минбаъдаи бахши хусусӣ дар кишвар таъсири мусбат мерасонанд. Ӯ таъкид дошт, ки тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузорӣ омили калидӣ барои рушди ширкатҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавлиди даромад ва диверсификатсияи иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 

Хабарҳои монанд