Санаҳои 4–5 феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми B5+1 (Осиёи Марказӣ + Америка баргузор шуда истодааст.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, инчунин аъзои ҳайат Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон Ализода Назирмад, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона, Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон ва дигарон иштирок намуданд.
Дар доираи Форум Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва ҳамтоёни худ вохӯриҳо доир намуда, дар ҷараёни ҷаласаҳои панелӣ соҳибкоронро аз кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба чорабиниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда, аз ҷумла намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои иқтисодии ба нақша гирифташуда даъват намуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ