ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ САФОРАТИ ПОКИСТОН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ САФОРАТИ ПОКИСТОН
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ САФОРАТИ ПОКИСТОН

5 феврали соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Ф.Р. бо Мушовир / Муовини Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ризвон Гул баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод ва сармоягузорӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии якдигар, ташкили миссияҳои тиҷоратӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар соли 2025 гардиши савдои байни Тоҷикистон ва Покистон ба 43 млн доллари ИМА баробар гардида, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои ду кишвар барои густариши гардиши савдо аҳаммияти хос дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷониби Покистон барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои иқтисодӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2026 ба нақша гирифта шудаанд, даъват гардида, аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.  


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд