Рӯзҳои 21-22 майи соли 2026 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таҳти ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Самир Шарифов баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ иштирок намуд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи болозикр маросими расмии баимзорасонии як қатор санадҳои дуҷониба оид ба ҳамкориҳои стратегӣ баргузор гардид.
Дар доираи он «Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Озарбойҷон» миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Озарбойҷон (AZPROMO) аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Директори иҷроияи AZPROMO Юсиф Абдуллоев ба имзо расид.
Ҷонибҳо зимни имзои санад изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои корӣ барои гузариш аз робитаҳои мавсимӣ ба ҳамкориҳои устувор ва доимӣ заминаи нави институтсионалӣ фароҳам меорад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸