БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ШАҲРИ БОКУ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ШАҲРИ БОКУ
БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ШАҲРИ БОКУ

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 22 майи соли 2026 дар Маркази тиҷоратии Боку Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ иштирок ва сӯханронӣ намуд.

Раҳмонализода Ф. Р. дар баромади худ қайд намуд, ки дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва созандаи сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев робитаҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Раиси Палата дар рафти сӯханронӣ рушди босуръати гардиши савдои дуҷонибаро дар соли 2025 ва тамоюли онро дар семоҳаи аввали соли 2026 баланд арзёбӣ карда, қайд намуд, ки то ҳол миёни ҷонибҳо иқтидори зиёди истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуд мебошад.

 Инчунин Раиси Палата Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи чорабиниҳои муштарак баимзорасидаро барои тавсеа ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки он ҳамчун пул ва абзори доимӣ барои бахши хусусӣ хизмат хоҳад кард.

Ҳамзамон Раҳмонализода Ф. Р қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1200 аъзоро муттаҳид мекунад ва омода аст робитаҳои соҳибкорони ду кишварро мустақиман дар ҳама самтҳои тиҷорат ҳамоҳанг созад.

Дар анҷоми сӯханронӣ Раиси Палата тамоми доираҳои соҳибкории Озарбойҷонро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Inter Health and Beauty Tajikistan 2026», ки 18-20 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд