ҶАЛАСА ОИД БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (2027–2036)» - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
ҶАЛАСА ОИД БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (2027–2036)»
ҶАЛАСА ОИД БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (2027–2036)»

30 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласа оид ба шарҳи муҳимияти қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ оғоз намуда, қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҳаётӣ касб намудааст. 

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бе сулҳу субот на рушди устувор таъмин мешавад ва на ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, зеро маҳз сулҳ заминаи асосии пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. 

Дар ҳамин замина, Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, рӯйдоди муҳимми сиёсиву дипломатии сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо бозгӯи нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, балки аз нақши фаъоли кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ низ шаҳодат медиҳад.

Қабули ин қатънома далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистонро эътироф намуд. Давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо қабули санади мазкур уҳдадории худро барои таҳкими сулҳ, рушди муколама, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо бори дигар тасдиқ карданд. Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, пешгирии низоъҳо ва ҳифзи сулҳи байналмилалӣ ҳамчун арзишҳои меҳварӣ таъкид шудаанд.

Дар анҷоми ҷаласа аз кормандони дастгоҳи марказӣ, палатаҳои вилоятӣ ва ширкатҳои ватанӣ-аъзоёни палата низ даъват карда шуд, ки дар навбати худ доир ба масъалаи мазкур корҳои ташфиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни дигар қишрҳои ҷомеа доир намоянд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд