4 сентябри соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури фаъолон, сокинон ва соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ҳамчун намояндаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуда, паёми шодбошӣ ва роҳнамоиҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман ба самъи сокинони ноҳия расонид.
Дар рафти баромади тантанавӣ, намояндаи Ҳукумати кишвар Раҳмонализода Ф. Р. нишондиҳандаҳои умумии рушди соҳавиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, қайд намуд, ки таҳти роҳбарии бевосита ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Нақшаи чорабиниҳои ободонии ноҳияи Шоҳмансур барои солҳои 2021–2026 дар ҳаҷми 125 фоиз иҷро гардидааст.
Қисмати муҳими ин ҳамоишро маросими супоридани мукофотҳои олии давлатӣ ташкил дод, ки дар он Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Ф. Р. ҳамчун намояндаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, иқтисод ва савдо, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди соҳавӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.
Бахусус, бо Медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимзода Сафар Маҳмадшо ва бо медали «Хизмати шоиста» муовини якуми раиси ноҳия Амиршозода Зоиршоҳ Темур дар фазои тантанавӣ мукофотонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва асарҳои мусиқӣ, ки Ватан, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва зебоиҳои Тоҷикистони азизро васф менамуданд, ба тантанаҳои идона ҳусни анҷом бахшиданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸