21 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), аввалин мизи мудаввари «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баргузор гардид.
21 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), аввалин мизи мудаввари «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои узви СҲШ доир гардида, дар доираи он аввалин ҷаласаи васеи ду гурӯҳи кории Шӯрои кории СҲШ - оид ба нақлиёту логистика ва кишоварзӣ баргузор шуд.
Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста зимни сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки «соҳаи нақлиёт самти дорои аҳамияти стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рушд ва навсозии он аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар ба ҳисоб меравад».
Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон дар суханронии худ иброз дошт, ки «кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон буда, тақрибан нисфи аҳолии кишвар дар ин соҳа фаъолият менамоянд. Нақлиёт ва логистика дар рушди бахши кишоварзӣ нақши муҳим дошта, интиқоли маҳсулоти истеҳсолшуда аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла барои содирот, мусоидат мекунанд».
Ҳамзамон, нақши Кумитаи рушди нақлиёт ва логистикаи назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабинии мазкур таъкид гардид.
Дар сессияи якуми ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва таҳкими робитаҳои нақлиётию логистикӣ байни кишварҳои узв баррасӣ гардиданд.
Сессияи дуюм ба рушди агрологистика бахшида шуда, масъалаҳои риояи талаботи байторию фитосанитарӣ, рушди ҳамлу нақли яхдондор (рефрижераторӣ), таъмини низоми зарурии ҳарорат ҳангоми интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, таҳияи харитаи электронии инфрасохтори агрологистикӣ ва ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ барои тиҷорати фаромарзии маҳсулоти озуқаворӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар чорабинӣ коршиносон ва мутахассисони соҳа аз Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Чин, Эрон, Покистон ва Афғонистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рушди нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ мубодилаи афкор карданд.
Иштирокчиён аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии долонҳои байналмилалии нақлиётиро барои густариши тиҷорати мутақобила ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои узви СҲШ мусоидат намуда, барои татбиқи ташаббусҳои нави Шӯрои кории СҲШ ва гурӯҳҳои кории он замина фароҳам меорад. Мизи мудаввари баргузоршуда барои рушди робитаҳои корӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика ва кишоварзии кишварҳои узви СҲШ заминаи мусоид фароҳам овард.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ беш аз 60 нафар, аз ҷумла аъзои гурӯҳҳои кории Шӯрои кории СҲШ, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви СҲШ, коршиносони соҳаҳои нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони сафоратҳои кишварҳои узви СҲШ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ