21 октябри соли 2026 дар доираи сафари кории ҳайати соҳибкорони кишвари Перми Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Палата бо намояндагони доираҳои соҳибкории кишвари Перм ва бахши хусусии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳайати тиҷоратии кишвари Перм аз намояндагони панҷ ширкат, ки дар соҳаҳои сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати вазнин ва сабук, инчунин металлургия фаъолият менамоянд, иборат буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди робитаҳои саноатӣ, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти истеҳсолӣ, мубодилаи таҷриба ва технологияҳои муосир, инчунин имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин мулоқотҳои мустақими соҳибкорон дар шакли B2B баргузор гардиданд, ки зимни онҳо намояндагони ширкатҳои ҳар ду ҷониб оид ба самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, роҳҳои барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸