ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – 2026» ДАР ДУШАНБЕ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – 2026» ДАР ДУШАНБЕ
ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УНИВЕРСАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – 2026» ДАР ДУШАНБЕ

12 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» расман ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва муовини раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ бо суханони ифтитоҳӣ кори Намоишгоҳро оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳадафи асосии чунин намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ ин муаррифии доираи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ буда, барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ замина ва шароити мусоид фароҳам меоварад.

Иштирокчиёни намоишгоҳ аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон ва Чин молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, ҳунарҳои мардумӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ менамоянд.

Бинобар ин, аз ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорони ватанӣ, ташкилоту корхонаҳои кишвар бо арзи эҳтиром даъват ба амал оварда мешавад, ки аз кори Намоишгоҳ дидан намоянд.

Даромад ба намоишгоҳ ройгон буда, он ҳамарӯза аз 12 то 14 ноябри соли 2026, аз соати 09:00 то 18:00 фаъолият менамояд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 📸

Хабарҳои монанд